Муҳоҷирон маошашонро гирифтанд
Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Вақтҳои охир шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия аз хусуси пардохт нашудани музди меҳнаташон ҳарчи бештар шикоят мекунанд. Масалан, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Имомов дар ин маврид ба намояндагӣ ариза супурд. Қурбоналӣ Имомов сардори бригадаи сохтмончиён дар бинои шахсии шаҳрванди Русия Игор Постников мебошад. Баъди анҷоми сохтмон ба Имомов ва аъзои бригадааш ҳаққи корашонро, ки 210 ҳазор рублро ташкил медиҳад, напардохтанд. Баъди дахолати корманди Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ ин масъала ба таври мусбат ҳал гардида, чанд рӯз пеш музди меҳнати коргарон пардохта шуд. Шаҳрвандони ҷумҳуриамон метавонанд дар мавриди зарурӣ барои гирифтани мадад ҳар вақт ба Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар Федератсияи Русия муроҷиат кунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






