Муҳокимаи масъалаи воридшавии Тоҷикистон ба СУС
Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Чанде пеш дар шаҳри Душанбе масоили рушди бахши суғуртаи хидматрасонии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин проблемаҳои он мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, муҳокимаи масъалаҳои зикршуда дар ҷараёни мулоқоти муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лариса Кислякова бо намояндагони ширкатҳои инфиродии суғуртавӣ сурат гирифт.Лариса Кислякова ба ҳозирин аз вазъи воридшавӣ ба Созмони умумиҷаҳонии савдо, мақсаду вазифаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин амр, ҳамчунин бартарияту оқибатҳои имконпазири воридшавӣ ба созмони мазкур хабар дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






