Муҳокимаи масоили ҳамкории ниҳодҳои сарҳадӣ

Октябрь 30, 2012 12:04

Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар»). – 29 октябр зимни мулоқоти фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо бо муовини сардори Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Чжоу Шу Куй вазъияти сарҳади Тоҷикистону Чин, ҳамчунин масоилу дурнамои ҳамкории байни сохторҳои давлатии ҳар ду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Мувофиқи хабари сардори маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Хушнуд Раҳматуллоев, меҳмони Чин дар ҷараёни сафараш бо фаъолияти қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон шинос шуда, аз омӯзишгоҳи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ва маркази таълимии қӯшунҳои сарҳадии ҷумҳурӣ боздид хоҳад кард.

Октябрь 30, 2012 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад