Муҳокимаи масоили маводи мухаддир дар ВМКБ
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Имрӯз, 19 октябр, дар бинои Ҳукумати ноҳияи Рӯшони ВМКБ ҷаласаи фаъолони ноҳия бо иштироки кормандони Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти ҶТ баргузор гардид.Роҳбари гурӯҳ, сардори маркази матбуоти Агентӣ Саъдулло Раҳматуллоев аз мақсаду вазифаҳои ба ин ноҳия омадани гурӯҳи кормандони Агентии назорати маводи мухаддир иттилоъ дода, дар бораи вазъи маводи мухаддир дар вилоят ба кишвар тайи 9 моҳи соли равон нақл кард. Хотирнишон месозем, ки кормандони Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти ҶТ дар ҳошияи амалиёти «Кӯкнор – 2012» дар ноҳияҳои ВМКБ ва вилояти Хатлон мебошанд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






