Муҳокимаи шакли нави маблағгузорӣ
Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Чанде пеш намояндагони парлумон, вазоратҳои маориф ва молияи ҶТ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва байналмилалӣ дар Академияи маорифи Тоҷикистон масъалаи гузаштан ба шакли нави маблағгузории муассисаҳои томактабиро мавриди муҳокима қарор доданд.Аз рӯи ин масъала намояндагони Пажӯҳишгоҳи таҳқиқи илмҳои педагогӣ Лутфия Иматова, Институти «Ҷомеаи кушода» — Бунёди мадад ба Тоҷикистон Назархудо Дастамбӯев, Вазорати молияи ҶТ Равшан Аҳмедов, намояндаи ЮНИСЕФ Парвиз Абдуваҳҳобов ва Вазорати маорифи ҶТ Нисо Кокова суханронӣ карданд.Нотиқон зикр намуданд, ки вазифаи асосӣ иборат аз тарбияи кӯдак барои таҳсили муваффақонаи ӯ дар мактаб мебошад. Барои ин бояд намудҳои гуногуни муассисаҳои томактабӣ рушду густариш дода шаванд.Дар ин бора аз Академияи маорифи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






