Муаммоҳои касбии омӯзгорони оянда

Октябрь 11, 2012 14:02

Хуҷанд, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки олимон, омӯзгорон, намояндагони маорифи вилоят ва донишҷӯён доир ба мавзӯи «Азнав кардани мундариҷаи маълумоти касбии омӯзгорони оянда» конфронси илмию назариявӣ доир гардид. Дар конфронс масъалаҳои омодагии мутахассисони соҳибмалака, таъмини онҳо бо ҷои корӣ ва ҳамкории соҳибихтисосҳо бо шуъбаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ноиби ректори бахши илмии донишгоҳ Матлуба Хоҷаева доир ба нақшу мақоми таълиму тарбия ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат дар донишгоҳ ҳарф зада, иброз дошт, ки донишу маҳорат роҳхати асосии мутахассиси ҷавон ба ҷои кори оянда хоҳад шуд. Дар конфронс дигар масъалаҳои муҳими рушд ва такмилу таҷдиди низоми миллии таҳсилот мавриди мубодилаи афкор қарор гирифт.

Октябрь 11, 2012 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш