Муаррифии «Ҳикмати афкори педагогии ниёгон»

Октябрь 11, 2012 15:13

Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Афкор ва ақидаҳои педагогии арзишманди шоирону нависандагон, олимону мутафаккирони асримиёнагии форсу тоҷик, ки дар такя ба аҳкоми дини мубини ислом, Қуръони маҷид, суннатҳо ва ҳадисҳои Пайғамбар Муҳаммад (с) эҷод шудаанд, барои устувор сохтани пояҳои Ислом, дастраси умум гардонидани ҳикмати маънавӣ ва зиндагисозии он хизмати босазо намудаанд. Имрӯз дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон муаррифии китоби академик Файзулло Шарифзода «Ҳикмати афкори педагогии ниёгон» доир гардид. Ҷамъомадро академик Ирина Каримова ифтитоҳ намуд. Дар ҷамъомад олимони намоён, намояндагони донишкадаҳои олӣ, муаллимон, муҳаққиқон ва зиёиён иштирок намуданд. Доир ба китоби мазкур андешаҳои худро профессор Сафар Сулаймонӣ, доктори илмҳои педагогӣ Ҷамолиддин Саидзода, директори Пажуҳишгоҳи рушди маориф Шарифмурод Исрофилиён ва дигар олимони соҳа баён намуданд. Муаллифи асар зимни муаррифии он аз ҷумла изҳор дошт: «Дар рисола, ки ҳикмати исломӣ тавассути сура ва оёти Қуръони маҷид, суннат ва ҳадисҳои Муҳаммад (с) иқтибос мешаванд ва баъдан ҷовидон ва ҳаётӣ будани онҳо тавассути иқтибоси ҳикоёту ривоятҳо, байту мисраъ ва порчаҳои шеърӣ исбот мегарданд, афкори педагогии ниёгонамон ҷамъбаст гардидааст. Ақидаҳои тарбиятӣ-педогогии эшон ба он далолат мекунад, ки мардум аз мантиқ, мафҳум ва мазмуни ҳақиқатан созандаи ислом воқиф гарданд, донанд, ки ислом ҳам покии руҳ ва ҳам покии танро аз инсонҳо тақозо дорад ва дини созанда ва ҳаётӣ мебошад».  Китоб барои олимон, омӯзгорон, муҳаққиқони соҳаи фалсафаи педагогӣ, аспирантон ва оммаи васеи дилбохтагони афкори педагогии ниёгон пешкаш мегардад.

Октябрь 11, 2012 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ХОРУҒ — БОҒШАҲРЕ ДАР ЛАБИ ДАРЁ. Тавсифи ин шаҳр аз нигоҳи Константин Симонов
Пагоҳ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МЕРОСИ МО». Муассисаи фарҳангии ЭКО нахустин ҷашнвораи байналмилалии аксбардории мобилӣ баргузор менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
27 июл дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкории байналмилалиро бо муассисаҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Шаҳрвандон ва соҳибкорон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Имрӯз дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад