Муаррифии барномаи сафари Путин
Душанбе, 4 октябр.(АМИТ «Ховар», Саидэҳсони Солеҳ).- Имрӯз Давлат Назрӣ, сардори департаменти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барномаи сафари Владимир Путин, президенти Русия ба Тоҷикистонро, ки интизор аст шоми имрӯз вориди Душанбе шавад, дар назди хабарнигорон муаррифӣ кард. Ба гуфтаи Давлат Назрӣ В. Путин бо президенти Тоҷикистон масъалаҳои иқтисодиву сиёсӣ, саноатӣ, мушкили муҳоҷиратро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Зикр шуд, ки вохӯриҳо ва ба имзо расонидани санадҳо аз санаи 5-уми октябр дар Қасри Миллат баргузор мешавад. Ёдрас мекунем, ки дар нишаст инчунин масъалаҳои низомӣ низ баррасӣ мешаванд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






