Муаррифии Индонезия дар соҳили Сир
Душанбе,3 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Охири моҳи октябр дар маркази маъмурии вилояти Суғд –шаҳри Хуҷанд бо ибтикори сафорати Индонезия дар Тоҷикистон маҳфили фарҳангӣ доир мегардад, ки ҳадафаш ошноии мардуми тоҷик бо таърих, фарҳанг ва тамаддуни Индонезия аст. Дар ин хусус Муҳаммад Асруҳин –сафири Индонезия дар Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқоташ бо Шукурҷон Зуҳуров- раиси Маҷлиси намояндагон дар Душанбе иттилоъ дод.Раиси Маҷлиси намояндагон ба масъалаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Индонезия дар бахши илму маориф дахл намуда, гуфт: «Ҳоло дар донишгоҳҳои Индонезия тақрибан 100 нафар донишҷўи тоҷик таҳсил мекунад. Бо таваҷҷуҳ ба он, ки Индонезия дар омода намудани мутахассисони соҳаҳои гуногун таҷрибаи кофӣ дорад, мо алоқаманди афзоиш ёфтани шумораи донишҷўёни тоҷик дар муассисаҳои таълимии ин кишвар ҳастем».Дар мулоқот мусоҳибон роҷеъ ба масъалаҳои марбут ба таъмини фазои қонунгузорӣ дар Тоҷикистону Индонезия ҷиҳати ба роҳ мондани равобити дуҷониба ва бисёрҷониба табодули назар карданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






