Муаррифии лоиҳаи нави зиддимухаддиротӣ дар Рим

Октябрь 10, 2012 15:33

Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар пойтахти Италия шаҳри Рим рӯзи дуюм аст, ки ҷаласаи роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротии кишварҳои дахлдор дар масъалаҳои баррасии ташаббусҳои якҷояи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва Департаменти сиёсати миллии зиддимухаддиротии Италия – лоиҳаи «Стратегияи пешгирии нашъамандӣ ва сиёсати ҳукумат» идома дорад.Дар ҷараёни ҷаласа ширкаткунандагон бо лоиҳаи пешниҳодӣ ошно шуда, масъалаҳои илман асоснокшудаи системаи миллии пешгирии истеъмоли маводи мухаддир, ки ба ҳифзи саломатии аҳолӣ равона шудааст, мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Қарор аст, ки дар марҳилаи аввал ин лоиҳа дар як қатор кишварҳои Амрикои Марказӣ, Осиёи Шарқӣ ва Марказӣ, ҳамчунин Африқои Шимолӣ ва Шарқи Наздик татбиқ гардад. Дар ҷаласа сардори шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Ташрифов ширкат дорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Октябрь 10, 2012 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш