Муассисаҳои тиббӣ ба давраи бӯҳрон омодаанд

Октябрь 11, 2012 09:33

Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дирӯз дар Маркази хариди доруворӣ бо иштироки муовини аввали вазири тандурустии кишвар Саида Ҷобирова ва намояндагони муассисаҳои тандурустии 8 ноҳияи наздисарҳадӣ ҷамъомад баргузор гардид. Дар ҷамъомад барои муассисаҳои тандурустии 15 ноҳияи наздисарҳадӣ маводи зарурии тиббӣ тақсим карда шуд.Аз ҷониби Вазорати тандурустӣ дар якҷоягӣ бо намояндагии Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Тақвият додани иқтидори муассисаҳои тиббии ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон оид ба хизматрасонии тиббӣ дар вақти буҳрон ва баъди он», ки аз тарафи Ҳукумати Ҷопон маблағгузорӣ мешавад, дар беморхонаи марказии ноҳияҳои Шӯрообод, Ҳамадонӣ, Фархор, Панҷ, Қумсангир, Ҷиликӯл, Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрави вилояти Хатлон, ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Ишкошим, Роштқалъа ва Мурғоби ВМКБ корҳои барқароркунии системаи обрасонӣ, таъмири системаҳои барқ, гази табиӣ, таъмири автомобилҳои ёрии таъҷилӣ амалӣ намуда, шуъбаҳои ҷарроҳӣ, эҳёгарӣ, таваллуд ва беморони беморхонаҳои ноҳияҳои мазкур бо маҷмӯи таҷҳизоти тиббии травматологии силсилаи В, маҷмӯи таҷҳизоти тиббии асосии травматологӣ дар сумкаҳо ва маҷмӯи таҷҳизоти тиббии касбии момодоягӣ дар қуттии алюминӣ таъмин шуданд.Ҳамаи ин имконият медиҳад, ки дараҷаи сифати хизматрасонии тиббӣ дар шуъбаҳои ёрии фаврии тиббии беморхонаҳои мазкур дар ҳолати буҳронӣ баланд бардошта шуда, оқибати офатҳои табиӣ ва ҳама гуна ҳолатҳои фавқулодда коҳиш дода шавад.Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Октябрь 11, 2012 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд