Муборизаи муштараки ҶТ ва ФР бар зидди терроризму экстремизм
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Имрӯз баъди ба анҷом расидани мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия бо иштироки вазирони корҳои дохилии ҳарду ҷониб оид ба натиҷаҳои мушовара нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Дар он вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов аз муҳокимаи як қатор масъалаҳое, ки миёни мақомоти корҳои дохилии ду кишвар ҷой дошт, ибрози андеша намуд. Масъалаи терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои дорои хусусияти фаромиллӣ, , ки имрӯз масъалаи доғи рӯз ба ҳисоб мераванд, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш гузоштааст ва ин мақомоти ҳифзи ҳуқуқро водор месозад, ки бо ин зуҳуроти номатлуб дастаҷамъона мубориза баранд.Вобаста ба ин мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ амал намуда, дар асоси мубодилаи иттилооти фаврӣ, дар пешгирӣ ва мубориза бо ин гуна хатарҳое, ки ба ҳаёти одамон таҳдид мекунанд, саҳми худро мегузоранд. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов иброз намуд, ки қарорҳои имрӯз қабулгардида барои боз ҳам беҳтар ва зичтар намудани ҳамкориҳои байни вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба фаъолияти фаврию ҷустуҷӯӣ дар мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ ва таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ мусоидат менамоянд.Инчунин вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсев оид ба баргузории мушовара дар сатҳи баланд изҳори қаноатмандӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки «Ҳамкорӣ миёни мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Русия имкон медиҳад, то мо дар якҷоягӣ бо гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор мубориза бурда, ба муваффақиятҳо ноил гардем». Мавсуф ҳамчунин афзуд, ки мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Русия равия ва гуруҳҳои экстремистии миллатгароро, ки шаҳрвандони дигар давлатҳоро ҳадафи латукӯб ва ҷиноят қарор медиҳанд, таҳти назорат гирифта, бо онҳо мубориза мебаранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






