Мулоқот бо Мудири кулли Хазинаи Кувайт оид ба рушд Абдулваҳҳоб ал-Бадр
Душанбе,16 октябр. (АМИТ «Ховар»). — Дар ҳошияи Ҳамоиши сарони давлатҳои «Муколамаи ҳамкории Осиё» дар шаҳри Кувайт-пойтахти Давлати Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Хазинаи Кувайт оид ба рушд Абдулваҳҳоб ал-Бадр мулоқот намуд.Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи кувайтӣ баррасӣ шуд.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи 11 соли ҳамкорӣ бо сармоягузории ин хазина, ки асосан аз тариқи Бонки исломии рушд, Бонки осиёии рушд ва дигар муассисаҳои молиявӣ сурат мегирад, дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёди инфрасохторӣ амалӣ гардидаанд.Зимни суҳбати созанда ҳарду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд миёни Тоҷикистон ва Хазинаи Кувайт оид ба рушд робитаҳои мустақим низ ба роҳ монда шаванд.Ба гуфти Абдулваҳҳоб ал-Бадр, Хазинаи Кувайт оид ба рушд омода аст, ки лоиҳаҳои инфрасохтории аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳодшавандаро мустақиман сармоягузорӣ кунад.Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи Ҳамоиши сарони давлатҳои «Муколамаи ҳамкории Осиё» Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ қарор кардааст, ки барои дастгирии рушди кишварҳои рӯ ба рушди Осиё 2 миллиард доллари амрикоӣ маблағ ҷудо мекунад.Ба иттилои Абдулваҳҳоб ал-Бадр, Тоҷикистон ҳам метавонад аз ин маблағҳо барои татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории худ баҳрабардорӣ кунад.Мудири кулли Хазинаи Кувайт оид ба рушд даъвати Эмомалӣ Раҳмонро доир ба ташриф ба Тоҷикистон хуш пазируфта, таъкид дошт, ки дар ояндаи наздик ҳатман сафар карда, ба робитаҳои мустақими дуҷониба оғоз мебахшад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






