Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев
Душанбе,16 октябр. (АМИТ «Ховар»). — Дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар шаҳри Боку Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуд.Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории судманди ду кишвар баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи амалии санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла Барномаи ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон, ки моҳи июли соли равон зимни сафари расмии Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Боку ба имзо расида буд, зоҳир гардид.Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамгироии ду кишвар дар бахшҳои иқтисод ва савдо, нақлиёту комммуникатсия, энергетика ва саноат, ба хусус дар самти транзити байналмилалӣ ва истихроҷу коркарди нафту газ, рушди бесобиқа пайдо мекунад.Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба густариши робитаҳои фарҳангӣ ва ҳамгироии байналмилалии Тоҷикистону Озарбойҷон сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






