Мулоқот дар ПСС Тоҷикистон
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар ҷараёни мулоқоти муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Лариса Кислякова бо намояндагони бахши телекоммуникатсияи кишвар масоили рушди ин соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Лариса Кислякова зимни мулоқот ба ҳозирин аз вазъи воридшавии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ва мақсаду вазифаҳои кишвар дар ин амр нақл кард. Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин аз хусуси проблемаҳое сухан ронда шуд, ки бояд пеш аз воридшавии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо сари вақт ҳал карда шаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






