Мулоқот дар ВКХ ҶТ
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов намояндаи минтақавии раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ Александр Сичевро ба ҳузур пазируфт.Низомиддин Зоҳидов аз сатҳи ҳамкории Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ бо мақомоти салоҳиятдори кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидаташ ба татбиқи барномаю лоиҳаҳои минтақавию миллӣ ва таҳким бахшидани нерӯи миллӣ дар муборизаи зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сипосгузорӣ намуд. Александр Сичев дар навбати худ саъю кӯшишҳои хадамоти зидди маводи нашъаовари кишварро ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуда, барои ҳамкории фаъолонаи Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи барномаҳои Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ изҳори миннатдорӣ кард.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






