Мулоқоти Фаррух Шарипов бо роҳбарони ширкатҳои Туркия
Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш дар шаҳри Анқара мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов бо роҳбарони ширкати «КONGAR» — и Хорватия Зелжко Туска, Марин Колич, Марио Сирекович ва ширкати «СOZUM» — и Туркия Усмон Илмаз Гозум ва Ҳанди Гозум баргузор гардид. Фаррух Шарипов дар ҷараёни мулоқот аз вазъи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва лоиҳаҳои сармоягузории кишвар нақл кард.Роҳбарони ширкатҳои зикршуда ба лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, омодагии худро барои иштирок дар онҳо иброз доштанд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






