Мулоқоти Сарвари давлат бо Сарвазири Финландия
Душанбе, 25 октябр (АМИТ «Ховар»).-Субҳи рӯзи 25 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳелсинки бо Сарвазири Ҷумҳурии Финландия Катайнен Юрки мулоқот намуд.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқоту музокироте, ки дирӯз бо Президент, Раиси Парлумон ва Ваколатдори парлумонии Финландия оид ба ҳуқуқи инсон анҷом дод, изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки ҳамкории судманди ду кишвар дар самтҳои афзали муайяншуда бояд густариш ёбад.Сарвазири Финландия Катайнен Юрки бо назардошти мавқеи калидии ҷуғрофии Тоҷикистон дар минтақаи худ ва имконоти фарохи рушди ҳамкорӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ таъкид дошт, ки Финландия ва ширкатҳои сершумори он ба иштирок дар табиқи лоиҳаҳои судбахши иқтисодию тиҷоратӣ ва инфрасохторӣ дар масири Шоҳроҳи Абрешим ҳавасманд аст.Таъкид гардид, ки рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ дар ин минтақа ба эҳёи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва бозсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва ҳам таҳкими амнияту суботи минтақавию ҷаҳонӣ мусоидат карда, ба манфиати ҳамагон аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






