Мулоқоти Сюзан Эллиот бо хабарнигорони тоҷик

Октябрь 23, 2012 15:08

Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ)- Имрӯз Сюзан Эллиот, сафири нави Амрико дар Тоҷикистон, ки ба ин симмат тоза таъин шудааст, бо доираи васеи хабарнигорони тоҷик мулоқот намуд. Дар ин дидори рӯ ба рӯ бо рӯзноманигорон хонум Сюзан Эллиот иброз дошт, ки дар муддати фаъолияти сафириаш дар Тоҷикистон бештар дар бахшҳои ҳуқуқи башар, озодии баён, дастгирии рушди иқтисод ва маорифу фарҳанг таваҷҷуҳ хоҳад кард. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки барои ҷалби сармоягузорони амрикоӣ ба Тоҷикистон кӯшиш мекунад ва дар ин росто ширкатҳои хориҷии амрикоӣ дар ин кишвар фаъол хоҳанд шуд. Ба гуфтаи сафир, ҳукумати Амрико барои татбиқи лоиҳаи КАСА-1000 ва интиқоли лӯлаи газ аз Туркманистон ба Ҳинд аз тариқи Тоҷикистон ва Афғонистон кӯмак хоҳад кард. Сюзан Эллиот дар робита бо имзои созишномаи миёни Русияву Тоҷикистон дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии 201-ум гуфт: ҳузури ин пойгоҳ ба муносибатҳои миёни Тоҷикистон ва ИМА таъсири манфӣ нахоҳад гузошт. Зимнан ҳафт моҳ қабл, яъне таърихи 11-уми апрели соли равон Барак Обама, президенти Амрико номзадии Сюзан Эллиотро ба мақоми сафири ИМА дар Тоҷикистон пешниҳод карда буд. Сюзан Эллиот- дипломати ботаҷриба буда, муддати 22 сол ба ҳайси дипломат фаъолият кардааст.

Октябрь 23, 2012 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад