Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Финляндия
Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 24 октябр вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Финляндия бо ҳамтои худ — вазири корҳои хориҷии Финляндия Эркки Туомиоя мулоқот намуд. Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар марҳилаи ҳозираи муносибатҳои байни ҳар ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зарурати дидани чораҳоро барои таҳким бахшидани равобити тиҷоратию иқтисодӣ ва вусъати муомилоти моли байни Тоҷикистону Финляндия қайд намуд. Вазири корҳои хориҷии Финляндия дар навбати худ аҳамияти рушди ҳамкории бисёрҷониба бо Тоҷикистонро ба таври махсус қайд намуда, иброз дошт, ки барои рушди ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи соҳаҳо мусоидат хоҳад намуд. Аз рӯи масоили минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла, ҳамкории Тоҷикистону Финляндия дар ҳошияи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор баргузор шуд. Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия ҳамчунин вазъияти минтақа ва ҷаҳонро муҳокима намуда, ба қазияи Афғонистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






