Муносибати нав ба рушди савдои ҷаҳон
Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Аз 15 то 16 октябр дар вилояти Суғд Конфронси байналмилалӣ бахшида ба масоили ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба савдои ҷаҳон баргузор мегардад. Ин чорабиниро Созмони байналмилалии Австрия бо иштироки Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон ва маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» роҳандозӣ менамоянд.Мақсад аз доир намудани конфронс муҳокимаи масоили тақвият бахшидани механизми ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.Дар конфронс кормандони сохторҳои дахлдори давлатӣ, намояндагони бахши инфиродӣ, созмонҳои ҷаҳон ва кишвар иштирок мекунанд.Дар ин бора аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






