Мушовараи муштараки вазоратҳои корҳои дохилии ҶТ ва ФР
Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 9-10 октябри соли равон ҷаласаи навбатии мушовараи муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад гашт. Ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия бо роҳбарии вазири корҳои дохилии ин кишвар Колоколтсев Владимир Александрович ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд.Ба ҳайат инчунин аъзои мушовараи муштарак- муовинони вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия ва дигар шахсони расмӣ шомиланд.Дар ҷаласа масъалаҳои ҳамкориҳои муштараки вазоратҳои корҳои дохилии ҶТ ва ФР дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла бар зидди экстремизм ва пешгирии фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккил ва иттиҳодияҳое, ки робитаҳои трансмиллӣ доранд, мавриди муҳокима қарор дода мешаванд. Инчунин дар ҷаласа лоиҳаи Нақшаи кории мушовараи муштараки вазоратҳои корҳои дохилии ҶТ ва ФР барои соли 2013 баррасӣ мегардад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






