Мусобиқаҳои «Созандагони Ватан»
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Чанде пеш дар Қасри варзишии «Ҷашнӣ»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди кишварии муқовимати кулл ва муҳорибаи дастӣ байни дастаҳои яккачини минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ баргузор гардид. Тавре ки раиси ташкилоти «Созандагони Ватан» Адҳам Мирсаидов ба мо иттилоъ дод, ташаббускори чорабинӣ намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд буда, дар он наздики 100 нафар варзишгар барои ба даст овардани ғалаба кӯшиш ба харҷ доданд. Ҳадаф аз баргузории мусобиқа тарғиби ҳаёти солим байни наврасон, дарёфти варзишгарони бомаҳорат ва дар маҷмуъ, татбиқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо варзишгарон мебошад. Чорабинии мазкур дар сатҳи баланди ташкилӣ ва иштироки фаъолонаи дастаҳои ин намуди варзиши ҷумҳурӣ доир гашт.Дар мусобиқа дастаҳои яккачини манотиқи кишвар хуб баромад карда, ба гирифтани ҷойҳои намоён мушарраф гардиданд. Се ҷойи аввалро дар вазнҳои то 130 кг варзишгарони вилояти Суғд ноил шуданд. Абдуқодир Қӯзиев, Ҷаҳон Мавлонов, Фирдавс Аҳмадҷонов ва Мурод Мақсудов дар вазнҳои худ ғолиб омада, аз беҳтаринҳо ҳисобида шуданд. Ба ҳамаи ғолибон ва иштирокдорони мусобиқа туҳфаҳои «Созандагони Ватан» ва Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ супорида шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






