Мусобиқаи камонварӣ барои ҷоизаи Зебуннисо Рустамова
Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Бахшида ба 20 солагии Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олӣ аз 1 то 15 октябри соли равон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти ҷоизаи Зебуннисо Рустамова доир мегардад. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, варзиш аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоист, ки рисолати ҳамбастагии насли башарро бар уҳда дорад. Ин аст, ки бо мақсади такмилу инкишофи ҳамаҷонибаи камонварӣ ҳамасола дар кишвар мусобиқаҳо гузаронида мешаванд. Инчунин зикр шуд, ки дар чорабинӣ ширкати варзишгарон аз мамолики Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Эрон, Беларус ва Русия дар назар аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






