Мусобиқаи мактаббачагон дар ВМКБ
Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова ).- Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мусобиқаи гӯштии миллӣ миёни хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии маркази ин вилоят оғоз шуд. Мақсади баргузории мусобиқаро Алишер Ташрифов, сардори шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш арзёбӣ намуд. Дар мусобиқот, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ доир шуданд, хонандагони синфҳои болоии мактабҳо иштирок карданд. Маврид ба ёдоварист, ки аксар наврасону ҷавонони шаҳри Хоруғ ба варзиш ва бахусус гуштингирӣ майлу рағбати зиёд доранд, ки ин аз иштироки фаъол ва теъдоди зиёди довталабон дар мусобиқа аён буд. Мусобиқа имрӯз ба анҷом мерасад ва ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






