Мусобиқаи тенниси мардона

Октябрь 19, 2012 15:14

Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). — Имрӯз дар толори варзишии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мусобиқаи тенниси рӯи миз бо иштироки дастаҳои мардона аз Тоҷикистон (се даста), Қазоқистон, Қирғизистон ва Тотористони Федератсияи Русия баргузор мегардад.Тавре ки аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, сабқати мазкур тӯли чор рӯз идома хоҳад кард. Мусобиқа бо мақсади тарғибу ташвиқ ва рушди минбаъдаи ин намуди олимпӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Мусобиқа бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Федератсияи тенниси рӯи мизи кишвар доир мегардад.

Октябрь 19, 2012 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад