Мусобиқоти ҷумҳуриявӣ аз рӯи гӯштини юнонию римӣ

Октябрь 25, 2012 10:02

Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – 31 ноябр дар шаҳри Кӯлоб мусобиқоти ҷумҳуриявӣ аз рӯи гӯштини юнонию римӣ баргузор мегардад. Тавре ки аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқот байни ҷавонони соли таваллудашон 1995 — 1997 сурат гирифта, дар он варзишгарони шаҳри Душанбе, ҳамчунин вилояҳои Суғду Хатлон иштирок мекунанд.Ғолибони мусобиқот бо диплому медалҳои кумитаи мазкур мукофотонида мешаванд.

Октябрь 25, 2012 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш