Мусодираи қариб 8 кило ҳашиш
Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – 3 октябри соли ҷорӣ кормандони ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Сино-2 ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор шаҳрванд Искандар Мавлонбекович Фармонбекови 24 сола, сокини деҳаи Боутb ноҳияи Ванҷро дастгир карданд.Дар вақти кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ 7 килою 820 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






