«Мусофири транзитӣ» дар Қазоқистон
Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Аз 10 то 17-уми октябр дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ҷашнвораи якуми байналмилалии театрии «Ҷаҳони Исобеков» («Мир Исабекова») баргузор мегардад. Роҳбари дастгоҳи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Абдуғаффор Абдуҷабборов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, ки гурӯҳи ҳунармандони Театри драмавии русии ба номи Маяковский бо намоишномаи «Мусофири транзитӣ» дар таҳияи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Мунира Додоева ба ҷашнвора мераванд.Чашнвора ба 70-умин солгарди зодрӯзи драматурги маъруфи қазоқ ва дорандаи ҷоизаи давлатии Қазоқистон Дулат Исобеков бахшида шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






