Мутахассисони КМИР ба Украина даъват шуданд
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 28 октябр дар Украина интихоботи парлумонӣ баргузор мегардад. Аз ин рў, 26 октябр бо даъвати Сергей Лебедев –раиси Кумитаи иҷроия- котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ , роҳбари ҳайати нозирони ИДМ ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Украина ду нафар аз кормандони масъули Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон /КМИР/ ба ин кишвар сафар менамоянд. Ҷамшед Ҷамшедов, узви КМИР ва Хуршед Раҳматов мутахассиси КМИР дар ҳайати нозирони ИДМ ҷараёни баргузории интихоботи парлумонии Украина- Радаи Олиро мушоҳида менамоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз КМИР –и ҷумҳурӣ иттилоъ доданд. Назар ба иттилои Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон, Абдуҷалол Салимов-узви Кумитаи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия ҳамчун нозир дар ҷараёни баргузории интихоботи парлумонии Украина ширкат меварзад. Парлумони Украина –Радаи Олӣ мақоми олии қонунгузории ин кишвар аст. Он аз як палата иборат буда, 450 вакил ба муҳлати 5 сол интихоб мешаванд. 225 нафарашон аз ҳавзаи бисёрмандатаи умумидавлатӣ ва 225 нафари дигар аз ҳавзаи якмандата дар курсиҳои Радаи Олӣ менишинанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






