Нақби «Шаҳристон» ба кор медарояд
Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Тавре ки директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди «Душанбе – Чаноқ» — и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодир Саидов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, рӯзи расман ба истифода додани нақби «Шаҳристон» ба 27 октябри соли равон пешбинӣ шудааст. Мувофиқи суханони манбаъ аз ин пеш вақти ба истифода додани ин иншоот дар арафаи таҷлили 21 – умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки ҳар сол 9 сентябр қайд карда мешавад, пешбинӣ шуда буд. Сипас рӯзи ба истифода додани нақбро ба 25 сентябр гузаронида буданд. Сабаби асосии ба вақти дигар гузаронидани рӯзи ба истифода додани ин иншоот дар бисёр қитъаҳои он сар задани душвориҳо бар асари лағзиши қабатҳои замин буд. То имрӯз ҳамаи корҳои вобаста ба пардоздиҳию танвирӣ анҷом ёфта ва нақби «Шаҳристон» барои баҳрабардорӣ пурра омодааст. Нақби ағбаи Шаҳристон дар 180 километрии роҳи мошингарди Душанбе — Хуҷанд дар сарҳади байни ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳристони вилояти Суғд воқеъ аст. Масофаи нақб 5 ҳазору 253 метрро ташкил медиҳад. Сохтмони расмии нақби «Шаҳристон» 22 августи соли 2006 оғоз ёфта буд. Арзиши лоиҳаи он баробари 79 миллиону 800 ҳазор доллари ИМА мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






