Нақлиёти автомобилӣ воситаи асосии боркашонӣ

Октябрь 4, 2012 08:21

Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақлиёти автомобилӣ дар интиқоли молу бор-кашонӣ нақши муассир дорад.Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати нақлиёт дар моҳҳои январ – августи соли 2012 тавассути ҳамаи намудҳои нақлиёт 42 млн. 566 ҳазор тонна бор кашонида шудааст. Дар ин давра танҳо бо нақлиёти автомобилии ҳамаи вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳои дорои ҳамаи шаклҳои моликият, ки нақлиёти автомобилӣ доранд ва инчунин бо наклиёти автомобили шахсони воқеӣ, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғуланд, ба андозаи 37 млн. 64 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки 87,1 фоизи ҳаҷми умумии боркашонии ҳамаи намуди нақлиётро ташкил медиҳад.Ба иттилои манбаъ, дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ дар ВМКБ ба миқдори 275 ҳазор тонна, дар вилояти Суғд 13 млн. 605 ҳазор тонна, Хатлон -13 млн.83 ҳазор , шаҳри Душанбе -3 млн.82 ҳазор ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба миқдори 7 млн. 18 ҳазор тонна бор, аз ҷумла ангишт, масолеҳи сохтмонӣ, пахта, чӯбу тахта, ғалла, орду ярма ва дигар борҳои тез вайроншавандаи кишоварзӣ интиқол ёфтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,5 фоиз зиёд аст.

Октябрь 4, 2012 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад