Нақши Иҷлосияи ХVI-ум дар инкишофи қонунгузории Тоҷикистон
Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Охири ҳафтаи равон дар шаҳри Қайроққум конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Нақши Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи тиҷоратӣ» доир гардид. Конфронс бо ибтикори Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, дар он намояндагони сохторҳои давлатӣ, мақомоти судӣ, тиҷоратӣ ва мутахассисони Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ширкат варзиданд. Раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон Зафар Азизов изҳор дошт, ки Иҷлосияи 16-ум дар тақдири Тоҷикистони соҳибистиклол нақши беназир гузошта, барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, фаъолияти мақомоти давлатӣ, ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷикон, таҳкиму такмили марҳила ба марҳилаи қонунҳо ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии мардуми кишвар замина гузошт. Аз ҷумла, макомоти судӣ ҳамчун рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардида, вазифаҳои он ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ки арзишҳои олӣ эътироф шудаанд, нигаронида шуд ва бобати баланд бардоштани нақши суд дар ҷомеа ва татбиқи муқаррароти конститутсионӣ дар мамлакат ислоҳоти судию ҳуқуқӣ оғоз ёфт. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар конфронс раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода сухан карда, арзиши иҷлосияи такдирсоз ва истиқлолияти давлатиро баробар донист, зеро ҳамин иҷлосия истиқлолиятро ҳифз намуд ва онро минбаъд такмил дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






