Наҷоти 41 миллион нафар аз нашъамандӣ
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Дар коллегияи муштараки байниидоравии Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия, ки 10 октябр дар Душанбе баргузор гардид, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров дар мавриди вазъи мухаддиротӣ дар минтақа, бахусус дар Тоҷикистон ҳарф зад ва гуфт: “Танҳо дар зарфи 12 соли охир мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ бештар аз 78 тонна воситаи нашъаовар мусодира намуданд, ки 31 тоннаи онро героин ва 24 тоннаи дигарро афюн ташкил медиҳад». Ва таҳлили ҷолиберо арз кард: танҳо мухаддироти афюние, ки дар Тоҷикистон мусодира шуданд, баробари 177 миллион меъёри истеъмолиест, ки ба истеъмолкунандагон нарасидааст; 41 миллион нафар аз хатари гирифторӣ ба нашъамандӣ наҷот ёфтаанд ва гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва террористӣ аз 1,5 миллиард доллар бенасиб мондаанд». Рустам Назаров аз 214 амалиёти муштараки афсарони алоқаи Агентӣ дар қаламрави Афғонистон ёд кард, ки аз соли 2006 ба инҷониб роҳандозӣ шудааст ва дар натиҷаи он аз муомилоти ғайриқонунӣ 15 тоннаву 177 кило воситаи нашъаовар мусодира ва 47 корхонаи хурди тавлиди героин нобуд шудаастСарвари идораи зиддимухаддиротии кишвар ҳамчунин гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хатти муқаддами мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон қарор дорад ва дар тӯли ин ду даҳсола на танҳо дар ҳамаи ташаббусҳои байналмилалии зиддимухаддиротӣ ширкат мекунад, балки худ аз ҷумлаи ташаббускорони иқдомоти зидди маводи нашъаовар аст. Дар ин бора аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






