Нафти истихроҷшуда коркард мешавад
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз 22377 тонна нафти истеҳсолшуда 19181,8 тонна (85,7%) дар заводҳои нафтии ватанӣ ҶММ «Шоҳон», ҶСП «Ҳасан ва К», ҶММ «Салоса», ҶММ «Ҷалолӣ», ҶДММ «Нафти Темурмалик», ҶДММ «ТИЕНГ-МА», ҶДММ «ДОН-ФАН» ва ҶДММ «Абадӣ» коркард шуда, аз ҷумла бензин–776,1 тонна, сӯзишвории дизелӣ — 3715,2 тонна, мазут – 8337,6 тонна, битум барои сохтмон (БНД 60/90)– 90,6тонна, битум барои роҳсозӣ (МГ 40/70) –1424,0 тонна истеҳсол карда шуд. Тибқи иттилои котиботи Вазорати энергетика ва саноат аз аввали сол то 30.09.2012 ба Маркази барқу гармидиҳии ш. Душанбе, тибқи шартнома ҶММ «Шоҳон» — 396,9 тонна., ҶСП «Ҳасан ва К» — 858,9 тн. ва ҶДММ «Нафти Темурмалик» — 239,5 тонна. мазут интиқол дода шуд. Дар маҷмуъ мазути интиқолдодашуда ба МБГ ш. Душанбе 1495,3 тоннаро ташкил медиҳад. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ сохтмони ду корхонаи коркарди нафти хом, дар вилояти Суғд ва дар ноҳияи Шаҳринав бо иқтидорҳои коркарди 100 000 (НПЗ-100) тонна нафт дар як сол идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






