Нахустин намоишгоҳ-фурӯши хайриявӣ

Октябрь 16, 2012 11:08

Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).-Рӯзи 20-уми октябри соли ҷорӣ дар гулгашти паҳлӯи Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ нахустин намоишгоҳ- фурӯши хайриявӣ баргузор мегардад. Ташаббускорони намоиш радиои «Ватан» бо ҳамдастии ташкилоти ҷамъиятии «Даст ба даст» ва сомонаи Tajikmama мебошанд. Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ тақдими туҳфаҳои идона ва солинавӣ ба кӯдакони ятиму бепарастор аст, иброз намуд директори барномаҳои радиои «Ватан» Субҳон Ҷалилов. Номбурда ҳамчунин гуфт : «Дӯстони радиои мо ва ҳар нафари машҳуру шинохта чизе аз молу ашёи сифату арзиши хубдоштаро, ки дигар истифода намебаранд, ба мо пешниҳод мекунанд. Мо онҳоро дар рӯзи намоиш ба фурӯш бароварда, барои ҳамаи онҳо нархи рамзии аз 3 то 50 сомониро мегузорем. Бар замми ин бо молу ашёи нафарони шинохта ва машҳур (мо умедворем, ҳатман пешниҳод мешавад) музояда баргузор мешавад». Ӯ иброз намуд, ки маблағи аз фурӯш ба даст омада барои туҳфаҳои идона ба кӯдакони ятиму бепарастор сарф мегардад. Бояд ёдовар шуд, ки дар ҷараёни намоишгоҳи мазкур барои кӯдакон бозиҳои саргармкунанда бо иштироки масхарабозону қаҳрамонони дигари афсонавӣ пешкаш мешавад.

Октябрь 16, 2012 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад