Намоишгоҳи байналмилалӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар» Ибодат Давлатова)- Бо мақсади рушди минбаъдаи муносибатҳои ҳамаҷониба миёни донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ намоишгоҳи навбатии байналмилалии донишгоҳҳои Малайзия, Лондон ва Туркия баргузор мегардад. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, намоишгоҳи мазкур рӯзҳои 25-26 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе ва 27 октябри соли равон дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон ташкил мешавад. Ташкили чунин намоишгоҳҳо ҳамасола дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои ҷумҳурӣ аз тарафи ширкати байналмилалии муштараки Тоҷикистону Малайзия ҶДММ «Аҳмадсоз» ба рушди соҳаи маориф, тарбияи кадрҳои соҳибихтисос барои хоҷагии халқи кишвар, кӯмак ба ҷавонон барои интихоби касб ва муносибатҳо байни донишгоҳҳои ватанию хориҷӣ таъсири мусбат мерасонад, хабар дод манбаъ.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






