Нашри нахустини рӯзномаи “Тоҷиксодиротбонк”
Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Шумораи нахустини рӯзномаи “Тоҷиксодиротбонк” аз чоп баромад. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз «Тоҷиксодиротбонк» хабар доданд, нашрия дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, фаъолияти ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”-ро дар саҳифаҳои худ инъикос менамояд. Баланд бардоштани маърифати бонкии кормандону мизоҷони бонк, иттилоот ва тарғиби таҷрибаи пешқадам дар соҳаи бонкдорӣ, шарҳи рӯйдодҳои соҳа, дастурҳои корбарӣ ва масоили марбут ба ҳаёти бонкӣ ҳадафҳое мебошанд, ки аҳли қалами рӯзнома дар назар доранд, қайд намуд манбаъ. “Маърифатпарварӣ – омили муҳиму тақдирсози ҳаёти ҷомеа”, “Ифтитоҳи филиалҳои нави “Тоҷиксодиротбонк”, “Кортҳои пардохтӣ – дарҳои нав дар олами имконот ва имтиёзоти ҳайратангез”, “Бозии навбатии амонатҳои бурдноки “Иқбол” аз ҷумлаи матолибеанд, ки дар шумораи аввали рӯзнома ба нашр расидаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






