Натиҷаҳои пурсамари кори табибон дар мавсими «Ҳаҷ -2012»
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Ҷаҳду талоши намояндаҳои ситоди ҳаҷ ва духтурони тоҷик барои наҷоти Наргиза Аҳмедова, соли таваллудаш 1978, зодаи ноҳияи Панҷакент натиҷаҳои пурсамар дода истодаанд. Имрӯз тибқи иттилои Расул Назиров сардухтури ҳайати табибони ситоди «Ҳаҷ- 2012» Наргиза Аҳмедова, ки ба бемории саратон гирифтор аст, аз беморхонаи шаҳри Мадинаи мунаввара ҷавоб дода мешавад. Номбурда минбаъд зери назорати духтурони тоҷик қарор хоҳад гирифт. Тибқи иттилои табибони тоҷик ин натиҷа як муъҷизаеро мемонад, ки Худованд ба бемор ато намуда бошад, зеро ӯ дар як ҳолати тамоман вазнин қарор дошт. Есанбой Ашӯров, зодаи ноҳияи Панҷакент, соли таваллудаш 1940, ки бо бемории инсулт ва фалаҷи дасту пой бистарӣ гардида буд, бо хоҳиши худаш ва наздиконаш имрӯз ба Тоҷикистон интиқол дода шуд. Минбаъд Есанбой Ашӯров барои ташхис ва табобати дармонгоҳӣ дар беморхонаи Қарияи боло бистарӣ мешавад. Номбурдаро раиси Кумитаи корҳои дин А. Холиқов ва мудири шуъбаи фарҳанги дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Пиров ҳамроҳӣ менамоянд. Бемори дигар Шарифа Камолова, сокини ноҳияи Айнӣ, ки қаблан ба бемории саратони шуш гирифтор буд, ҳолати бемориаш муътадил арзёбӣ мегардад ва ӯ барои баргаштан ба ватан розӣ нашудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






