Наврасӣ — мушкилтарин даврони ҳаёти инсон

Октябрь 10, 2012 15:00

Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дирӯз дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 63 пойтахт мулоқоти навбатии кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони Вазорати тандурустии кишвар доир гардид.Дар мулоқот зикр гардид, ки давраи гузариш аз тифлӣ ба наврасӣ ва аз наврасӣ ба ҷавонӣ мушкилтарин даврони ҳаёти инсон мебошад. Дар ин давра ба назар гирифтан ва диққат додан ба муносибати ноболиғон бо волидайн ва устодон хеле муҳим аст. Сӯйистеъмоли моддаҳои психоактивӣ (нос, сигор, машрубот ва маводи нашъаовар) аз омилҳои хавфноке ҳастанд, ки наврасонро маҳз дар ин давра таъқиб мекунанд ва бештар дар ҳамин синн инсонҳо ба тақлид ба калонсолон моиланд. Ҳадафи силсиламулоқоти кормандони Агентӣ ва дигар мутахассисони соҳаи тибб ва рӯҳшиносон он аст, ки ба наврасон бо дарку фаҳми худашон оқибатҳои зараровари ҷалб гардидан ба одатҳои бад, аз ҷумла истеъмоли маводи нашъаовар ва дигар моддаҳои психоактивиро фаҳмонанд. Дар ҷараёни вохӯрӣ аз ҷониби мутахассисон ахбори зарурӣ оид ба таъсири маводи мухаддир ба саломатии инсон ва зарари он ба ҷомеа пешкаш карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Октябрь 10, 2012 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад