Нерӯгоҳҳои хурди барқи обии Тоҷикистон
Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- То 1-уми октябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 179 адад нерӯгоҳи хурди барқи обӣ ба қайд гирифта шудааст,- иброз доштанд дар Вазорати энергетика ва саноат ба хабарнигорон.Ба иттилои манбаъ, аз шумораи умумии нерӯгоҳҳо ҳамагӣ 106-тои он коршоям буда, беш аз 8 млн.800 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол менамояд, 73 нерӯгоҳ бо иқтидори умумии 4 млн. 921 кВт/соат дар ҳолати корношоям қарор дорад.Дар Агентии омори назди Президенти ҶТ ин рақамҳоро тасдиқ намуда, иброз доштанд, ки айни замон дар ВМКБ аз 20 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ 15-тои он бо иқтидори 2 млн. 743 ҳазор кВт/соат, дар вилояти Суғд аз 57 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ 54-тои он бо иқтидори 3 млн. 715 ҳазор кВт/соат, дар Хатлон аз 13 нерӯгоҳ ҳамагӣ 5-тои он бо иқтидори 142 ҳазор кВт/соат ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 89 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ 32-тои он бо иқтидори 2 млн. 213 ҳазор кВт соат фаъолият дорад. Дар сурати пурра барқарор кардани 73 нерӯгоҳи аз кормонда аҳолӣ ба таври илова бо зиёда аз 4 млн. 921 кВт/соат нерӯи барқи таъмин мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






