Нигаронии раиси вилоят аз фурӯши бенизоми шароб
Бадахшон, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).-Дар машварате, ки бо ширкати муовини раиси ВМКБ, раиси шаҳри Хоруғ, масъулини раёсати корҳои дохилии вилояту шаҳр, сардорони як қатор идораву муассисаҳо баргузор шуд, раиси ВМКБ Қодири Қосим оид ба бадмастӣ ва нашъамандӣ изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ки истеҳсоли зиёди машруботи спиртӣ ва маводи мухаддир мардумро ба ташвиш овардааст. Ҳар рӯз баъди соати 16 дар бозор ва кӯчаҳои шаҳр ашхоси зиёди маст дучор меоянд. Дар вилоят машрубот бе иҷозатнома фурӯхта мешавад.Аз ин пас тибқи қарори раиси шаҳр танҳо барои 12 мағоза ва 8 ошхонаю тарабхона фурӯши машруботи спиртӣ иҷозат дода шудааст. Дар шаҳр 3 нуқтаи интиқоли ғайриқонунии машруботи спртӣ амал мекунад. Қисми зиёди машруботи спиртӣ дар хона тайёр карда шуда, ба фурӯш бароварда мешавад, ки ин боиси ба бемориҳои гуногун гирифтор гардидани одамон мегардад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






