Никитюк Виктор Олегович – намояндаи дипломатӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим)- 19-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Украина Никитюк Виктор Олегович эътимоднома қабул кард. Виктор Никитюк пас аз супоридани эътимоднома ва гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури хабарнигорон аз анъанаҳои дӯстии ду кишвар ёдовар шуда, зикр намуд, ки Украина Тоҷикистонро шарики боэътимоди худ дар арсаҳои гуногун меҳисобад. Ба қавли Виктор Никитюк бояд бо истифода аз имконоти мавҷуда ҳамкориҳои Украина ва Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф, алалхусус дар бахши иқтисод беш аз пеш густариш дода шавад. Сафири тозаинтихоб иброз дошт, ки тамоми саъйу нерӯи дар самти тақвияти равобити гуногунсоҳаи Украинаву Тоҷикистон равона хоҳад кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






