«Номус» дар Русия рўи навор омад
Душанбе, 23 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Номус»- чунин ном дорад филми нави синамогарони тоҷик, ки рўзҳои наздик пешкаши тамошобинон мегардад.Филми бадеии «Номус» аз ҳаёти як ҷавони бо нангу ори тоҷик, ки ҷиҳати дарёфти маблағ барои табобати падари бемораш ба муҳоҷирати корӣ ба Русия меравад, нақл менамояд. Муаллифи филми «Номус» Комилҷон Шамшерзода буда, он бо коргардонии Абдураҳим Фиқирӣ, наворбардории Умари Қаландарзод ва танзими Ҳамзаи Самӣ бо сарпарастии Манучеҳри Миршариф хеле диданӣ таҳия гардида, дар сатҳу сифати баланд ба навор гирифта шудааст. Шикасти навдаҳои умеди муҳоҷир, муҳоҷири фиребхўрда дар талаби ҳаққи ҳалоли худ, нолаву гиряҳои модар дар ёди фарзанд, чашми чори падар дар роҳи ҷигарбанд, ҷигари сўхтаи муҳоҷир дар ёди Ватану волидайн, бевафоии дилбару ишқи ноком ва билохира, ҷаҳди соҳибмаълумот гаштани ҷавон баъд аз муҳоҷирати бебарор аз паҳлуҳои хеле шавқовару ҷаззоби филми бадеии «Номус» аст. Саҳнаҳои филм дар мавзеъҳои зебоманзари Варзобу Душанбе ва шаҳри Иркутски Русия ба навор гирифта шудаанд. Ҳунармандони шинохтаи синамо ва театри тоҷик Муҳаммадҷони Шодӣ, Зулхумор Иброҳимова, Султонмурод Бобомуродов, Аҳмадшо Улфатшоев, Абдуллои Шариф, ҳунармандони ҷавон Маҳбубаи Саид, Моҳлиқо Шарифова, Манучеҳри Миршариф, инчунин ҳунармандони синамои Русия Светлана Светлакова, Валентина Андреева дар филм нақшҳои асосиро бозидаанд.Бояд тазаккур дод, ки қаблан филмномаи дигари Комилҷон Шамшерзода бо номи «Нерўи муҳаббат» рўи навор омада буд, ки писанди дўстдорони синамо гардид.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






