Нуралӣ чаро дастгир шуд?
Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ шаҳрванд Талабов Сулаймон Баҳодурович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Шӯрообод ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурда 1 килою 852 грамм маводи нашъадори ҳашиш, 23 килою 404 грамм маводи нашъадори афюн, 41 килою 390 грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира шуда, вазни умумиашон 66 килою 647 граммро ташкил медиҳад. Инчунин дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Акобиров Нуралӣ Диловарович, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Суғдиён дастгир шуд, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 1 адад селофане, ки дар дохилаш 4 килою 598 грамм маводи нашъадори афюн буд, дарёфт ва мусодира шуд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






