Оғози боздиди Э.Раҳмон аз шаҳри Истаравшан

Октябрь 27, 2012 18:25

Душанбе, 27 октябр (АМИТ «Ховар»).-Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истаравшан ташриф оварда, нахуст бо кори аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии Иқболи ҷамоати деҳоти Чорбоғ шинос шуд.Чунонки аён гардид, деҳқонони ин хоҷагӣ дар кори чорводорӣ, бахусус парвариши гӯсфанди зоти ҳисорӣ таҷрибаи хуб касб намудаанд. Вазни зиндаи гӯсфандони ин хоҷагӣ то ба 140 кг мерасад.Хоҷагӣ 21,5 га замини корам дар ихтиёр дорад, ки аз он 5,8 гектараш обӣ мебошад. Аҳли заҳмати хоҷагӣ дар парвариши картошка, пиёз, сабзӣ, дигар навъҳои сабзавоту полезӣ ва лӯбиёгиҳо ва ҳам ғаллакорӣ таҷрибаи ибратбахш доранд.Деҳқонони заркори ин хоҷагӣ кишти такрории зироатҳоро васеъ ба роҳ монда, аз заминҳои обӣ ду ва зиёда ҳосили фаровон ба даст меоранд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Октябрь 27, 2012 18:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд