Оғози даври дуюми эмгузаронӣ
Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар» Ибодат Давлатова).-29 октябри соли ҷорӣ дар мамлакат даври дуюми “Рӯзҳои миллии эмгузаронӣ ба муқобили бемории гулӯзиндонак» оғоз гардид. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, даври дуюм дар байни аҳолии аз 13 то 21- сола бо ваксинаи АДС-М гузаронида мешавад. Бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ бо мақсади пешгирии бемории гулӯзиндонак, баланд бардоштани сатҳи масъунияти аҳолӣ нисбат ба бемории гулӯзиндонак «Рӯзҳои миллии эмкунӣ бар зидди бемории гулӯзиндонак» аз 24 то 29 сентябр даври якум дар байни аҳолии аз 7 то 21- сола бо ваксинаи АДС-М гузаронида шуд. Даври дуюм аз 29 октябр то 3 ноябри соли ҷорӣ гузаронида мешавад. Ба давраҳои дуюм ва сеюми маъракаи эмгузаронӣ зиёда аз дуюним миллион кӯдакону ҷавонон фаро гирифта мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






