Оғози фаъолияти «Суғдпласт»
Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Имрӯз бо иштирокаи вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ дар ноҳияи Б. Ғафуров корхонаи нави ҶДММ «Суғд пласт» оид ба истеҳсоли профилҳои пластикӣ ба фаъолият оғоз кард.Иқтидори лоиҳавии истеҳсолии корхона дар як сол 4000 тонна истеҳсоли профилро ташкил медиҳад. Дар он 5 намуд маҳсулот истеҳсол мешавад.Хатти технологии насбгардида истеҳсоли давлатҳои Германия ва Австрия буда, ашёи хом-поливинилхлорид низ аз ин давлатҳо ворид мешавад.Маблағи умумии сармоя барои ташкили корхонаи мазкур 2 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз ин 1,9 миллион доллари ИМА барои хариди хати технологии истеҳсоли профилҳои пластикӣ сарф шудааст.Дар айни ҳол дар корхона барои 50 нафар ҷойи кори доимӣ муҳайё гардида, пас аз пурра ба кор даровардани иқтидори истеҳсолӣ шумораи коргарон то ба 70 нафар мерасад.Бояд қайд намуд, ки аз соли 2005 то имрӯз дар қаламрави мамлакат 14 корхонаи хурду миёна ва муштараки истеҳсолкунандаи маҳсулоти пластмассӣ таъсис дода шудааст. Дар ин корхонаҳо маҳсулоти пластмассӣ, чун қубурҳои пластмассии аз 15 то 630 миллиметра, профилҳо барои истеҳсоли дару тиреза, плёнка ҳо, борхалтаҳо, зарфҳо ва сарпӯшҳои пластмассӣ, сатилу лаган, зарфҳо ва қуттиҳо барои нигоҳдории рангҳои сохтмонӣ ва нигоҳдории меваю сабзавот, қуттиҳо барои нигоҳдории воситаҳои барқӣ истеҳсол шуда истодааст.Шумораи кормандон дар маҷмуъ дар корхонаҳо 400 нафарро ташкил медиҳад.Дар соли 2011 ин корхонаҳо 35,5 миллион сомонӣ маҳсулоти гуногуни пластмассӣ истеҳсол намудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2010 16,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиш 1,8 маротиба зиёд аст.Дар нуҳ моҳи соли 2012 дар корхонаҳои мазкур 41 миллион сомонӣ маҳсулоти гуногуни пластмассӣ истеҳсол шудаааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 16,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.Корхонаҳои мазкур дар асоси таҷҳизот ва хатҳои технологии муосири истеҳсоли Олмон, Австрия, Туркия ва Чин фаъолият менамоянд, ки маҳсулоти истеҳсоли онҳо ба стандартҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, дар бозори дохилӣ рақобатпазир мебошанд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энегетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад






