Оқибати нохуши садамаи нақлиётӣ

Октябрь 2, 2012 13:56

Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). – Бар асари садамаи нақлиётӣ дар шимоли кишвар 3 нафар ҳалок гардида ва 2 нафари дигар бистарӣ шуданд.Мувофиқи хабари Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ронандаи мошини тамғаи «Mercedes Benz», ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Қайроққум – Бобоҷон Ғафуров аз ӯҳдаи идораи нақлиёт баромада натавониста ва мошинаш ба дарахт бархӯрдааст. Бар ин асари ин воқеа худи ронанда ва 2 нафар мусофирони ӯ дар маҳалли ҳодиса ҳалок гардида, 2 мусофири дигаре, ки захм бардоштаанд, дар беморхона бистарӣ шудаанд.Мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта дар роҳҳои Тоҷикистон 40 садамаи нақлиётӣ рух дода, бар асари онҳо 19 нафар ҳалок гардида ва 54 нафари дигар захм бардоштаанд.

Октябрь 2, 2012 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш