О. Оқилов аз корҳо дар нақби Шаҳристон қаноатманд аст

Октябрь 15, 2012 16:51

Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов охири ҳафтаи сипаришуда бо ҷараёни корҳои сохтмонии нақби Шаҳристон, ки дар марҳилаи анҷомёби қарор доранд, шинос шуд. Нақби Шаҳристон аз ҷумлаи бузургтарин лоиҳаҳои сохтмонии мамлакат ба ҳисоб меравад, ки дар асоси ҳамкориҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин бо дарозии беш аз 5000 метр бунёд гардида, рӯзҳои наздик мавриди бахрабардорӣ қарор мегирад. Оқил Оқилов аз сифати корҳои то имрӯз анҷомдодашуда изҳори қанотмандӣ карда таъкид дошт, ки то рӯзи мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нақб камбудиҳои корҳои ороишию равшанинамоии нақби мошингард бояд бартараф шуда, сифати корҳо дар ин самт ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шаванд. Баъди шиносоӣ бо марҳилаи охири корҳои сохтмонӣ дар нақби Шаҳристон Оқил Оқилов аз мавзеи барои навсозӣ пешбинишудаи роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент боздид ба амал овард.

Октябрь 15, 2012 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд